Главная > Навидҳо > Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон: 2 ноябр астероиди нав дар масофаи каме бештар аз 400 ҳазор км аз Замин мегузарад

Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон: 2 ноябр астероиди нав дар масофаи каме бештар аз 400 ҳазор км аз Замин мегузарад


20-10-2020, 11:28.

Астероиди нав, ки «2018 VP1» номгузорӣ ва соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳида дар доираи барномаи худкори мушоҳидавӣ барои ҷустуҷӯи астероидҳои нави наздик ба Замин кашф шудааст, аз рӯи ҳисобҳои ситорашиносон, 2 ноябр соати 11:33-и вақти ҷаҳонӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон соати 16:33 дақиқа ба Замин наздик мешавад, — изҳор доштанд ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Астероид дар масофаи каме бештар аз 400 ҳазор км аз Замин парида мегузарад. Ин масофа бо масофаи байни Замин ва Моҳ қобили қиёс аст. Азбаски андозаи астероид 2-3 метр арзёбӣ мешавад, воридшавии эҳтимолии он ба фазои замин оқибатҳои фалокатбор хоҳад дошт.

«Гарчанде ки мадори астероид мадори Заминро убур мекунад, бинобар хурд будани андозааш ин астероид ба гурӯҳи астероидҳои хатарнок шомил карда нашудааст ва ба он дараҷаи астероиди ба Замин наздикшаванда дода шудааст. Эҳтимоли ба фазои Замин ворид шудани астероид ҳамагӣ 0,4% -ро ташкил медиҳад», — шарҳ дод манбаъ.

Тавре ки дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо иброз намуданд, худи ҳамон рӯз, аммо пас аз 10 соати ба Замин наздик шудан астероид дар ҳамин масофаи баробари Замин ба Моҳ наздик мешавад. Тибқи ҳисобҳои ситорашиносон, то соли 2200 ин ҷинс дигар ба Замин наздик нахоҳад шуд.
Вернуться назад