Главная > Навидҳо > Мизи мудаввар: «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ»

Мизи мудаввар: «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ»


19-05-2016, 11:33.
Дирӯз дар ноҳияи Рашт мизи мудаввар дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» баргузор гардид.
Дар ҷамъомад кормандони соҳа ва ходимони дин аз шаҳру ноҳияҳои Роғун, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва Нуробод иштирок намуданд. Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро ошкор намуда, пешгирии ин падидаи номатлубро амри зарурӣ шумориданд.
Мизи мудаввар бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Чунин мулоқотҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Турсунзода ва Ваҳдат баргузор гардида, дар дигар манотиқи мамлакат низ дар назар дошта шудааст.
Вернуться назад