Главная > Навидҳо > Э Раҳмон: «CASA -1000 аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалист»

Э Раҳмон: «CASA -1000 аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалист»


12-05-2016, 17:10.

Э Раҳмон: «CASA -1000 аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалист»«Лоиҳаи CASA -1000 ба ҳайси нахустин тарҳи байниминтақавӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқиву молиявӣ комил ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалист». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар маросими расмии оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 зикр намуд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тазаккур дод, ки кишварҳои иштирокдор дар татбиқи тарҳи CASA -1000 мавқеи устувор дошта, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд қодиранд тамоми мушкилоти вобаста ба раванди татбиқи онро ҳалл намоянд. Ба таъкиди Пешвои миллат ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамтост.
Вернуться назад