Главная > Навидҳо > Дар Душанбе КВД «Бадахшонроҳсоз» таъсис дода шуд

Дар Душанбе КВД «Бадахшонроҳсоз» таъсис дода шуд


11-05-2016, 10:55.
Дар Душанбе дар тобеияти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонроҳсоз» таъсис дода шуд.
Бино ба иттилои Шоиста Саидмуродова — сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти ҶТ, корхонаи мазкур бо мақсади беҳтар намудан ва сари вақт бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, ҳамзамон сохтмон, таъмири роҳҳои мошингард ва иншооти он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Фаъолияти асосии КВД «Бадахшонроҳсоз» иҷрои корҳои роҳсозӣ, таҷдиду таъмири роҳҳои мошингард ва иншооти он мебошад.

Вернуться назад