Главная > Навидҳо > Таҳти унвони «Куруши Кабир» асари таърихӣ ба нашр расид

Таҳти унвони «Куруши Кабир» асари таърихӣ ба нашр расид


17-09-2020, 17:31.

Дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Куруши Кабир» асари таърихии нависанда Аҳмади Иброҳим нашр гардид, ки омӯзиши он барои хонанда саҳифаҳои таърихи куҳани мардуми тоҷикро равшан менамояд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Китоби «Куруши Кабир» ба мисли асарҳои «Спитаман, Катан Тахористон…» ва «Ҷаҳиши охирини бабр» аз лиҳози воқеаву рӯйдодҳо бо истинод ба маводи таърихӣ иншо гардида, хеле дақиқу аниқ саргузашти куҳани аҷдодони моро бо бадеияти баланду ҷолиб тасвир намудааст.

Муаллиф бо маҳорати баланди эҷодиву бадеӣ дар ҳақиқат Куруши таърихӣ офаридааст. Асар дар тарбияи маънавии хонандагон ва ташаккули ҳувияти миллии онҳо мавқеи сазовор ишғол менамояд.

Дар китоб омадааст, ки «Куруши Кабир ба халқҳо ва сарзамини Осиёи Миёна, хусусан Суғду Истаравшан, Балху Бохтар ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳатто дар наздикии Истаравшан шаҳре бо номи Курушкада бунёд намуда буд».
Вернуться назад