Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар Исфара барои бонувони хонанишин коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид

Дар Исфара барои бонувони хонанишин коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид


15-09-2020, 10:37.

Дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ коргоҳи хурди дӯзандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора маркази матбуоти раиси шаҳри Исфара иттилоъ медиҳад.

Коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳокимбой Каримов бунёд ёфта, дар марҳилаи аввал 12 нафар занони бешуғли маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Дар коргоҳ барои бонувон навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ ва рафидадӯзию кашидадӯзӣ омӯзонида мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод 10 сентябри соли 2019 дар суҳбати самимӣ бо ин модарони ҳунарманд иброз доштанд, ки «сару либоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар сокини мамлакат, бахусус занони тоҷик ин аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат саҳм гузоранд».

Имрӯзҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дар шаҳри Исфара ва деҳоти он бо саҳми фаъолонаи мардум муташаккилона идома доранд.

Дар шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 130 ҳазор сомонӣ бинои муассисаи таълимии №29 таъмиру навсозӣ гардидааст.

Ҳамзамон сокинони Исфара бо баргузор намудани ҳашари умумӣ 4,5 километр роҳро навсозӣ ва мумфарш намуданд.


Вернуться назад