Главная > Навидҳо > ФУТБОЛ. Дастаи «Равшан» бар дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби калон ғолиб омад

ФУТБОЛ. Дастаи «Равшан» бар дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби калон ғолиб омад


14-09-2020, 10:16.

Дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии даври 1/4 — ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Равшан»- и шаҳри Кӯлоб ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гаридида, ба нафъи мизбонон ба анҷом расид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар дақиқаҳои аввали бозӣ бозингарони дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб афзалиятро ба даст гирифта, бо голи задаи Ҳасан Рустамов ба пеш баромаданд. Бо гузаштани 30 дақиқа лигионери дастаи «Истиқлол» Марко Милич натиҷаро мусовӣ кард. Бо ҳисоби мусовӣ дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 60- ум Рустам Соиров дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо ба пеш баровард. Ҳасан Рустамов дар дақиқаҳои иловагӣ дастаи «Равшан»- ро аз бохт наҷот дод. Вақти асосии бозӣ мусовӣ ба анҷом расид. Довар қисми иловагӣ таъйин кард.

Дар қисми иловагии бозӣ дастаи «Равшан» пурра афзалиятро ба даст гирифта, дар дақиқаи 93-юм Наврӯз Рустамов ҳисобро 3-2 ба нафъи дастааш кард. Бозингарони шаҳри Кӯлоб бо ин гол қаноат накарда, дар дақиқаи 111- ум бо голи задаи Абдураҳмон Нозимов ғалабаи дастаашонро пурра таъмин карданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Равшан»- и шаҳри Кӯлоб роҳи хешро ба даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯшан кард. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳари Душпанбе аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври ¼- ниҳоӣ

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 4:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 8 (1:0). Марко Милич, 38 (1:1). Рустам Соиров, 60 (1:2). Ҳасан Рустамов, 90+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 91 (3:2). Абдураҳмон Нозимов, 111 (4:2).
Вернуться назад