Главная > Навидҳо > «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»

«Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!»


6-05-2016, 17:25.
Дар ноҳияи Фархор ба муносибати 71- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ вохӯрии ҷавонони ноҳия бо 16 нафар иштирокдори ҷанг ва ҳамсарони бесаробонмондаи онҳо таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст!» баргузор гардид.
Ҷавонони ноҳия дар навбати аввал ба хотири пос доштани хотираи шаҳидони ҷанг ва изҳори сипос ба онҳо барои муҳофизати Ватан дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Сипас, дар Қасри фарҳанги ноҳия Раҳимзода Раъно, раиси ноҳияи Фархор туҳфаҳои пулии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ ба иштирокдорони ҷанг супорид.
Иштирокдорони ҷанг аз иқдомҳои наҷиби давлату Ҳукумати мамлакат бобати мусоидат ба таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо изҳори миннатдорӣ карда, ба ҷамъомадагон аз саргузашти худ дар он рӯзҳои мудҳиши ҷанг ва қаҳрамонии халқи тоҷик дар ҶДҶ қисса намуда, ҷавононро ба дӯст доштану муҳофизати Ватан ҳидоят намуданд.
Вернуться назад