Главная > Навидҳо > Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе ғолиби дукаратаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон гардид

Дастаи «Зебонисо»-и Душанбе ғолиби дукаратаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон гардид


10-09-2020, 11:58.

Дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе дар даври ниҳоии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуда, ғолиби чемпионат гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии марказии даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 9 сентябр дар шаҳри Бохтар сурат гирифт, ки дар он дастаи «Хатлон» дастаи футболи «Зебонисо»-и шаҳри Душанберо қабул кард. Барои ба даст овардани унвони чемпионӣ ба дастаи «Хатлон» ҳисоби мусовӣ кофӣ буд, вале дастаи «Зебонисо» бояд ҳатман ғалаба мекард. Бозии ҳалкунанда бо пирӯзии дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт.

Дар ҳайати дастаи «Зебонисо» голҳоро Наталя Сотникова, Некубахт Худододова ва Нисо Абдуллоева ба нишон расониданд. Ҳамин тариқ, дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе бо 49 хол дар ҷои аввали ҷадвали чемпионат қарор гирифт. Ин даста қаблан соли 2018 ғолиби чемпионат гардида буд.

Медалҳои нуқра насиби дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо гирифтани 47 хол гардиданд, медалҳои биринҷиро дастаи «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ соҳиб шуданд.

Ҷоизаи беҳтарин дарвозабони Чемпионати Тоҷикистон ба дарвозабони дастаи «Зебонисо» Сайёра Саидова сазовор дониста шуд. Ҳамлагари дастаи «Хатлон»»-и шаҳри Бохтар Лайло Ҳалимова, ки дар 18 бозӣ 78 гол задааст, беҳтарин нишонзан гардид. Ҷоизаи беҳтарин бозингарро Рафина Нормуродова аз дастаи футболи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав ба даст овард.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 10-ум

«Хатлон» – «Равшан» – 9:0

«Регар-ТадАЗ» – «Барқ» – 14:0

«Панҷшер» – «Зебо» – 0:13

«Бешкент» – «Чашма» – 12:0

«Зебонисо» – «Ҳосилот» – 14:0

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 11-ум

«Ҳосилот» – «Хатлон» – 0:16

«Чашма» – «Зебонисо» – 0:18

«Зебо» – «Бешкент» – 5:1

«Барқ» – «Панҷшер» – 0:6

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 0:2

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 12-ум

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 3:0

«Панҷшер» – «Равшан» – 1:2

«Бешкент» – «Барқ» – 6:0

«Зебонисо» – «Зебо» – 1:1

«Ҳосилот» – «Чашма» – 2:1

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 13-ум

«Чашма» – «Хатлон» – 0:18

«Зебо» – «Ҳосилот» – 19:0

«Барқ» – «Зебонисо» – 0:15

«Равшан» – «Панҷшер» – 0:3

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 14-ум

«Хатлон» – «Панҷшер» – 10:0

«Бешкент» – «Регар-ТадАЗ» – 0:3

«Зебонисо» – «Равшан» – 16:0

«Ҳосилот» – «Барқ» – 0:0

«Чашма» – «Зебо» – 0:20

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 15-ум

«Зебо» – «Хатлон» – 0:0

«Барқ» – «Чашма» – 0:1

«Равшан» – «Ҳосилот» – 2:1

«Регар-ТадАЗ» – «Зебонисо» – 0:6

«Панҷшер» – «Бешкент» – 3:3

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 16-ум

«Хатлон» – «Бешкент» – 4:0

«Зебонисо» – «Панҷшер» – 12:0

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ» – 0:10

«Чашма» – «Равшан» – 0:3

«Зебо» – «Барқ» – 8:0

Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон:

Даври 18-ум

«Хатлон» – «Зебонисо» – 0:3

«Ҳосилот» – «Бешкент» – 0:6

«Панҷшер» – «Чашма» – 1:0

«Зебо» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

«Барқ» – «Равшан» – 0:0

ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т-Т Х
1 «Зебонисо» (Душанбе) 18 16 1 1 171-3 49
2 «Хатлон»(Бохтар) 18 15 2 1 133-8 47
3 «Зебо» (Дӯстӣ) 18 13 3 2 124-12 42
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 12 1 5 94-19 37
5 «Бешкент» (Носири Хусрав) 18 9 2 7 67-27 29
6 «Равшан» (Кӯлоб) 18 4 1 13 9-83 13
7 «Барқ» (Норак) 18 3 3 12 7-106 12
8 «Ҳосилот» (Фархор) 18 3 3 12 9-117 12
9 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 18 2 4 12 18-121 10
10 «Чашма» (Шаҳритус) 18 3 0 15 10-152 9



Вернуться назад