Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар Левакант Парчами давлатӣ бо баландии 41 метр сохта шуд

Дар Левакант Парчами давлатӣ бо баландии 41 метр сохта шуд


10-09-2020, 09:47.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон рамзи муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Парчами давлатӣ бо баландии 41 метр сохта шуд.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Мансур Юсупов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки айни замон ободонии атрофи парчам бо саҳми тамоми кормандони ташкилоту идораҳо идома дошта, масъулин талош доранд ин иншооти ҷашниро ҳарчи зудтар ба истифода диҳанд.

Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарон ва кормандони тамоми корхонаву идораҳои ҳудуди шаҳр ҳамарӯза тариқи ҳашар корҳои созандагию ободонӣ дар тамоми иншооти ҷашнӣ гузаронида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант сохтмони беш аз 90 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, қисме аз онҳо ба истифода дода шудаю корҳои сохтмонӣ дар дигар иншоот босуръат ҷараён доранд.


Вернуться назад