Главная > Навидҳо / Истиқлолият > Дар Варзоб ҳаммому сартарошхона ва кошонаи ҳусн ба истифода дода шуд

Дар Варзоб ҳаммому сартарошхона ва кошонаи ҳусн ба истифода дода шуд


9-09-2020, 09:34.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Чорбоғ ва Лучоби ноҳияи Варзоб бо иштироки директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода ва меҳмонону сокинони ҷамоатҳои мазкур беш аз 6 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сокини деҳаи Чорбоғ Содиқи Абдусалом гуфт, ки “хушбахтона, бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Акмал Аҳмедов дар деҳаи Чорбоғ маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, ки дорои сартарошхона, кошонаи ҳусн, коргоҳи дӯзандагӣ, синфхона барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва мағозаи орду маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошад. Ҳамчунин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Ёдгорзода дар деҳаи Чормағзакон ҳаммоми замонавӣ бунёд гардид. Иншооти мазкур дар оянда мушкилоти ҷавонону сокинони деҳаи Чорбоғро осон намуда, дар он барои зиёда аз 20 нафар ҷойи кор муҳайё мегардад”.

Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб Аламурод Ниёзов, бахшида ба 29-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ҷамоати Лучоб маркази хизматрасонии «Малика» аз ҳисоби соҳибкор Хуршед Салимов, корхонаи мурғпарварӣ барои истеҳсоли гӯшти мурғ аз тарафи соҳибкор Хушбахт Ҳасанов ва Маркази саломатии «Косатарош» барои деҳаҳои Косатароши боло, Дурманбулоқ, Косатароши поён ва Чорводор ба истифода дода шуда, зиёда аз 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Мавсуф гуфт, ки айни замон корҳои сохтмони ду хатти оби нӯшокӣ аз дарёи Лучоб дар масофаи ду ва се км барои 360 хоҷагӣ, ки аз ҳисоби соҳибкорон Муҳаммад Ҳасанов ва Юсуф Ҳасанов сохта шуда истодаанд, идома дорад ва ояндаи наздик ба истифода дода мешавад.

Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Фирдавс Зарифов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 276 иншоотро ба нақша гирифтааст. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ зиёда аз 113 адад иншооти ҷашнӣ, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 73 иншооти дигар идома дорад.

Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саноатикунонии босуръати мамлакат дар ду соли охир зиёда аз 8 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумлаи корхонаи коркарди шир, истеҳсоли гӯшти мурғ, коргоҳи дӯхти либосҳои мактабӣ, коргоҳи қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан, коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

То соли 2021 дар ноҳия 18 адад корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз менамоянд.
Вернуться назад