Главная > Навидҳо > Гиромидошти иштирокдорони ҶДҶ дар Бадахшон

Гиромидошти иштирокдорони ҶДҶ дар Бадахшон


6-05-2016, 17:19.
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ бо ширкати ҳайати шахсӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба Рӯзи Ғалаба маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.
Сардори Раёсати мазкур Абдулваҳҳоб Искандарзода гуфт, ки халқи тоҷик низ дар баробари дигар одамони собиқ давлати шӯравӣ барои пирӯзӣ дар ин ҷанг саҳми арзишманд гузоштанд. Наздики 300 хазор аз ҷавонмардони тоҷик ба дифои ватан рафта, аз худ каҳрамонию шуҷоати бемисл нишон дода, 57 нафари онҳо ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушараф гардиданд. Аз ВМКБ низ ба ин набард наздики 3 ҳазор ҷавонписарон фиристода шуданд, ки аз нисф бештари онҳо аз ҷанг барнагаштанд. Сол аз сол теъдоди ин ҷанговарони асил кам мегардад.
Имрӯз дар Бадахшон шоҳидони ин фоҷиаи даҳшатбори асри бист танҳо шаш нафар боқӣ мондаанд.
Раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Мамаднасим Гавҳаров ҳозиринро бо Рӯзи Ғалаба табрик карда, аз онҳо даъват кард, ки ба қасами ёдкардаашон ба хотири дифоъ аз марзу буми кишвар ва тартибу низом дар ҷомеа ҳамеша содиқ бимонанд. Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 5 май ҳангоми ифтитоҳи Кохи афсарон дар шаҳри Душанбе бори дигар таъкид дошт, ки кормандони ниҳодҳои қудратию низомӣ бояд бо тақозои замон барои боло бурдани сатҳи дониш, малакаву маҳорати касбии худ саъю талош намоянд. Давлату ҳукумат барои фароҳам овардани шароити маишию иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас менадешанд.
Вернуться назад