Главная > Навидҳо > COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8792 нафар расид

COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8792 нафар расид


6-09-2020, 19:36.

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 6 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8792 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7581 ё худ 86,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 70 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 88 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.


Вернуться назад