Главная > Навидҳо > «Ҳафтаи поси хотир» ба ифтихори ҷашни Ғалаба

«Ҳафтаи поси хотир» ба ифтихори ҷашни Ғалаба


6-05-2016, 17:10.
Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи поси хотир» гузаронида мешавад.
Тибқи қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 7 май гузаронидани ҷамъомади поси хотири ҷанговарони интернатсионалист дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко иҷозат дода шудааст.
Инчунин ба ифтихори 71-умин солгарди ҷашни Ғалаба шоми 7 май дар Боғи устод Рӯдакӣ Фестивал-озмуни сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони «Суруди сарбоз» миёни сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар доираи «Ҳафтаи поси хотир» ва таҷлили сазовори ҷашни Ғалаба дар ҶДҶ дар ноҳияҳои пойтахт ташкили силсилавохӯриҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар чорабиниҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи пойтахт дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 633 собиқадори ҶДҶ зиндагӣ менамоянд.

Вернуться назад