Главная > Навидҳо > Обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» дар сатҳи максималӣ аз об пур шуд

Обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» дар сатҳи максималӣ аз об пур шуд


3-09-2020, 08:52.
2 сентябри соли 2020, соати 24:00, обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак»-манбаи асосии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар сатҳи максималӣ аз об пур шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСКХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод.

Номбурда зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъу маҳдуд намудани интиқоли барқ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, инчунин чорабиниҳои техникии роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» имконият фароҳам оварданд, ки барои истеҳсоли барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар обанбори асосии мамлакат ба қадри зарурӣ об захира карда шавад.

ШСХК «Барқи Тоҷик» ба диққати муштариён мерасонад, ки дар тамоми мавсими дар пешистодаи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз барқ сарфакорона истифода бурдан омили муҳими таъминоти мамлакат бо барқ мебошад.
Вернуться назад