Главная > Навидҳо > ВМКБ: Дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули мошингузар сохта мешавад

ВМКБ: Дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули мошингузар сохта мешавад


31-08-2020, 11:59.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон татбиқи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дошта, дар доираи амалишавии онҳо дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули мошингузар сохта мешавад. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур ба беҳтар намудани шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт ва пешбурди корҳои соҳилмустаҳкамкунии вилоят мусоидат менамояд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 21 августи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Селхозтехника»-и шаҳри Хоруғ бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар дар болои дарёи Ғунд оғози расмӣ бахшиданд. Пули нав бо паҳнои 15 метр ва дарозии 200 метр 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад. Баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ дар масофаи 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд. Пули мошингузар дар болои дарёи Ғунд бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷараёни сохтмони пули мошингузар мутахассисону сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойи кор таъмин шуда, соҳиби маоши хуб мешаванд. Лоиҳаи пули мошингузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад ва он аз ҷониби Ширкати лоиҳакашию пулсозии “Темелсу интернэшнл сервис пинк”-и давлати Туркия таҳия гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мошингарди маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ низ таъмиру тармим шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонида шудаанд.
Бо дарназардошти он ки роҳи маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ аҳамияти байналмилалӣ дорад, дар нақша аст, ки ояндаи наздик қисми боқимондаи ин шоҳроҳ низ марҳила ба марҳила таъмиру навсозӣ карда шавад.
Хотиррасон менамоем, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ВМКБ 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи лоиҳаҳои барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Хоруғ 3 миллиону 751 ҳазор доллари ИМА, идоракунии партовҳои сахти маишии маркази вилоят — 1 миллион ва тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ 176, 2 ҳазор доллари ИМА аз худ карда шуданд.

ВМКБ: Дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон 18 пули мошингузар сохта мешавад

Ҳоло дар вилоят корҳои сохтмону навсозӣ дар 506 иншооти таъйиноти гуногун ба маблағи беш аз якуним миллиард сомонӣ идома дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 2030 иншоот ба маблағи умумии 3,1 миллиард сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардидаанд.


Вернуться назад