Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сокинони деҳаи Даҳанаи ноҳияи Айнӣ соҳиби чоҳи амудӣ гардиданд

Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сокинони деҳаи Даҳанаи ноҳияи Айнӣ соҳиби чоҳи амудӣ гардиданд


30-08-2020, 08:29.
Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сокинони деҳаи Даҳанаи ноҳияи Айнӣ барои таъмин бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва оби полезӣ барои заминҳои наздиҳавлигӣ чоҳи амудӣ ба истифода доданд. Дар ин бора маркази матбуоти дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ иттилоъ медиҳад.

Барои сокинони деҳаи мазкур таъмини оби тозаи нӯшокӣ яке аз мушкилиҳои асосӣ ба шумор мерафт, ки ба истифода додани чоҳи амудӣ ин мушкилро пурра бартараф намуд.

Арзиши лоиҳавии чоҳи амудӣ 300 ҳазор сомонӣ буда, аз ҷониби соҳибкорону саховатпешагони деҳа маблағузорӣ гардид. Дарозии чоҳи амудӣ 110 метрро фаро гирифта, тавононии он дар як соат 80 м3 обро ташкил медиҳад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин чоҳи амудӣ 233 хоҷагӣ ва беш аз 1163 нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Об дар тараққиёти инсоният нақши муҳим бозида, сарчашмаи ҳаёт ва омили рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ иқдомҳои судманд дар таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дигар тадбирҳои шоистаи сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим мебошад, ки имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфтааст.

Дар акс чоҳи обтаъминкунӣ дар Хуҷанд.
Вернуться назад