Главная > Навидҳо / Фарҳанг > «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ»-таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ баргузор гардид

«Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ»-таҳти чунин унвон конференсияи илмӣ баргузор гардид


26-08-2020, 11:49.

«Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ»-таҳти чунин унвон бахшида ба 700-солагии зодрӯзи суханвари бузурги тоҷик Шайх Муслиҳиддин Камоли Хуҷандӣ (1318-1400) дар Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши илмиро ноиби Президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас доктори илми филология Б. Мақсудов дар мавзӯи «Мақоми Камоли Хуҷандӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ», номзади илми филология Б. Забеҳулло дар хусуси «Нусхаҳои хаттии осори Камоли Хуҷандӣ дар ганҷинаи дастнависҳои ба номи А. Мирзоеви Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ», адабиётшинос А. Раҳмонфар аз «Саҳми Аълохон Афсаҳзод дар Камолшиносӣ», номзади илми филология С. Ализода атрофи «Татаббуъоти Камоли Хуҷандӣ» маърӯза намуданд.

Баромадкунандагон зикр доштанд, ки Камоли Хуҷандӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои қарни ХIV халқи тоҷик буда, дар таърихи шеъри ғиноии форсӣ-тоҷикӣ бо ғазалҳои рангину диловезони мақому мартабаи хосеро ишғол кардааст. Чакидаҳои килки ин устоди каломи бадеъ аз замони зиндагиаш сар карда то даврони ахир ба эҷодиёти шоирони маъруф аз ҷумла, Ҳофизи Шерозӣ, Салмони Соваҷӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Тошхӯҷаи Асирӣ, Савдо, Садридини Айнӣ ва бисёр дигарон таъсири пурнуфуз доштааст. Ғазалҳои намакини ӯро аз дер боз хунёгарону мусиқидонҳо ба шуъбаҳои гуногуни мусиқии суннатии классики «Шашмақом» ворид намуда, овозхонҳои мумтози касбӣ онҳоро замзама мекарданд ва аз мазмунҳои баланди онҳо баҳра мебардоштанд. Халқи адабпарвари мо шаъну эътибор ва қадру манзилати адибони бузурги худ,аз ҷумла Камоли Хуҷандӣ-шоири нодирагуфторро пос медорад.

Дар конференсия сардори Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ (дар Хуҷанд) Б. Раҳматзод, докторони илми филология А. Сатторзода, М. Маҳмудиён, О. Хоҷамуродов, номзадони илми филология Б. Шарифзода, А. Муҳаммадӣ низ сухан карданд.

Олимони тоҷик таъкид намуданд, ки мардумони бохиради олам рози илму донишро дар тамоми давраҳои таърихи инсоният ба ҳар гуна забон гирд овардаву гиромӣ доштаву барои баъдинагон мерос гузоштаанд, ки халқи бузургворамон дар сафи пешини чунин оламиён қарор доштаасту дорад.

Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки рӯзгору осору афкори наҷибаш илҳомбахшанда, муттаҳидкунанда ва сабақомӯзанда мебошанд, арзандаи ҳама гуна пажӯҳишу омӯзиш ва таҷлилу ёдоварист. Андешаҳои баланду суханони бегазанди Камоли Хуҷандӣ ӯро то ҷовидон дар дилу ёди мардуми арҷмандамон зиндаву писандида нигаҳ медоранд.
Вернуться назад