Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > Лахш: 75,5 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш гардиданд

Лахш: 75,5 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш гардиданд


24-08-2020, 12:26.
Лахш: 75,5 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш гардиданд
Ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш то имрӯз ба масофаи умумии 75,5 километр роҳҳои мошингард, аз ҷумла дар шаҳраки «Ваҳдат» 13 километр, деҳоти «Ҷиргатол» 1,5 километр, «Янгишаҳр» 6 километр, «Пилдон» 6 километр, «Сурхоб» 13 километр, «Сартало» 8 километр, «Қашот» 2,5 километр, «Лахш» 11,5 километр, «Алға» 11 километр ва Ҷамоати деҳоти «Муксу» 7 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва шағалпӯш гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар тавозуни муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия 113 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 29,6 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 123,6 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мавҷуд мебошанд, ки масофаи умумии онҳо 266,2 километрро ташкил медиҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш тасмим гирифтааст, ки бахшида ба ҷашни миллӣ дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳои роҳсозиро идома диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Лахш бунёди 173 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, аллакай 122 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар ноҳия бунёди корхонаҳои коркарди мева ва истеҳсоли шарбату нӯшокиҳои мевагӣ, маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи сохтмон ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷаи амалишавии онҳо садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мусоидат хоҳад кард.


Вернуться назад