Главная > Навидҳо > Сохтмони беморхонаи сироятӣ дар шаҳри Панҷакент

Сохтмони беморхонаи сироятӣ дар шаҳри Панҷакент


25-04-2016, 12:26.
Тибқи барномаи вилояти Суғд оид ба эълони «Соли 2016 — Соли фарди солим» дар муассисаҳои тиббии шаҳри Панҷакент нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ шуда, барои амалӣ шудани барнома тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар семоҳаи аввали соли 2016 шуъбаи эҳёи Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент навсозӣ шуда, пойгоҳи ёрии таъҷилӣ таъмиру таҷдид гардид.
Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар таваллудхонаи марказӣ 40 кат бо лавозимоти зарурӣ таъмин шуд ва ҳоло сохтмони хонаҳои саломатӣ дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, деҳаи Мармари ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва деҳаи Авазалии ҷамоати деҳоти Саразм идома дорад.
Вернуться назад