Главная > Навидҳо / Тоҷикистон / Истиқлолият > Дар ноҳияи Лахш 3,5 км роҳи маҳаллӣ ва 2 км роҳи ҷумҳуриявӣ мумфарш мегарданд

Дар ноҳияи Лахш 3,5 км роҳи маҳаллӣ ва 2 км роҳи ҷумҳуриявӣ мумфарш мегарданд


3-08-2020, 13:19.

Дар ноҳияи Лахш бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сокинону соҳибкорони ноҳия ва ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ дар ноҳия бунёди 209 адад иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз 120 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин самт идома доранд.

Дар баробари ин, корҳои сохтмонӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонӣ, таъмир ва чароғон намудани кӯчаву роҳравҳои маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ҷараён дошта, корҳои мумфаршкунӣ дар роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ идома доранд.

Айни замон бо ташаббуси сокинони деҳаи Оқсой ва бо кумаки бевоситаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои минтақаи Лахш роҳи маҳаллии мошингарди деҳаи Оқсой-Ҷаилғани Ҷамоати деҳоти Лахш, ки 3,5 км.-ро дар бар мегирад, мумфарш гардида истодааст.

Ҳамчунин корҳои мумфаршкунӣ дар роҳи ҷумҳуриявии ҷамоати шаҳраку деҳоти Ваҳдат-Янгишаҳр идома дорад.

Аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия роҳи мазкур дар масофаи 2 км. мумфарш карда мешавад.


Вернуться назад