Главная > Навидҳо > Ховалинг: Ба истифода додани иншоотҳои тандурустӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолият

Ховалинг: Ба истифода додани иншоотҳои тандурустӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолият


23-04-2016, 09:51.
Дар арафаи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ду иншооти тандурустӣ сохта, як иншооти дигар аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чорчӯбаи барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар арафаи Истиқлолият» дар маркази деҳаи Садбарго бунгоҳи нави тиббӣ мавриди истифода гирифт.
Давоми 10 соли охир вазъи соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Ховалинг рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба ин самт равона шудааст. Ба иттилои кормандони соҳаи тандурустии ноҳия, мушкилот танҳо дар самти норасоии мутахассисони баландихтисос ба чашм мерасад, ки дар моҳҳои наздик ин камбудӣ бартараф карда мешавад.

Вернуться назад