Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Нусхаҳои дастхатҳои қадимию нодири мероси ниёгони тоҷик аз китобхонаҳои Ҳиндустон дастрас мегарданд

Нусхаҳои дастхатҳои қадимию нодири мероси ниёгони тоҷик аз китобхонаҳои Ҳиндустон дастрас мегарданд


30-07-2020, 17:08.

Барои дастрас намудани нусхаҳои дастхатҳои қадимию нодири мероси ниёгони тоҷик, ки дар китобхонаҳои Ҳиндустон маҳфузанд, бояд тадбирҳои судманд андешида шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода 29 июл зимни вохӯрӣ бо Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх баён гардид.

Муҳаммадюсуф Имомзода иброз намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда табодули таҷриба миёни донишҷӯёну омӯзгорон ва олимон дар самти омӯзиши ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва технологӣ бештар ба роҳ монда шавад.

Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх зикр кард, ки маҳз ҳамкории судманд аст, ки дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои омӯзишию фарҳангии ҳиндӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати ҷалби донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил аз ҷониби Ҳиндустон ҳамасола бурсияҳо ҷудо карда мешаванд.

Зимни нишаст ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобила дар соҳаи маориф ва илм ибрози андеша карда, зикр намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба миёни омӯзгорону олимон, ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба курсҳои омӯзишию таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили конфронсу чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкории мустақилона байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду мамлакат бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

«Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва буду боши донишҷӯёни ҳиндӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, миннатдорам»,- иброз дошт Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи маориф дар доираи Барномаи табодул байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 31 августи соли 2012 ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустон- Тоҷикистон» аз 25 январи соли 2010 ба роҳ монда шудааст.


Вернуться назад