Главная > Навидҳо > Дар доираи Қонун бояд амал кард

Дар доираи Қонун бояд амал кард


15-04-2016, 14:42.
Дар доираи Қонун бояд амал кард
Рӯзи 14-уми апрел дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид. Дар ҷаласа раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Аҳмадзода Ҷ.Ҷ., сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Р.Р., муовинони раиси Кумита, мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар, кормандон ва роҳбарони зерсохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иштирок намуданд. Дар ҷаласа фаъолияти се моҳи аввали соли 2016 баррасӣ гардида, барои 9 моҳи фаъолияти кории соли 2016 вазифаҳо гузошта шуданд.
Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарф зада, роҳбарон, сохтмончиён, меъморон ва бинокоронро ҳушдор намуд, ки супоришҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар ва Кумитаро сари вақт иҷро намоянд. Мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсзозии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки аз доираи меъёри қоидаҳои сохтмонӣ нагузашта, худсарона ба сокинон барои сохтмон иҷозат надиҳанд.
Роҳбарони зерташкилотҳои Кумита-Ҳакимзода А.А., Таваров Р.Ҳ., Каримов А, Султонзода М.С., Умаров У.Х., Файзуллозода Н.Қ., Худойдодзода Н. оид ба фаъолияти семоҳаи корхонаҳояшон ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.
Аминов Ш.- сардори Раёсати шаҳрсозӣ дар маърӯзаи худ оид ба камбудиву норасоӣ дар сохтмонҳои навоҳии тобеи марказ ҳарф зад.
Аз тарафи Раиси Кумита таъкид карда шуд, ки ҳар як биною иншоот зери назорати доимии мутахассисони соҳа қарор дошта, аз натиҷаи фаъолияти он сари вақт ба Кумита ҳисобот пешниҳод карда шавад.
Д.Нурзода
Вернуться назад