Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > ПУШТИБОНӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кӯмаки соҳибкори ватанӣ ба ятимону табибони пойтахт

ПУШТИБОНӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кӯмаки соҳибкори ватанӣ ба ятимону табибони пойтахт


29-07-2020, 10:56.

Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаву созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар доираи ин иқдомҳои хайрхоҳона дар арафаи Иди Қурбон аз тарафи соҳибкори саховатманду ватандӯст, Роҳбари ҶДММ “Сарманзил”, узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба муассисаҳои тиббӣ ва мактаб – интернатҳои шаҳри Душанбе кӯмакҳои моддии ғизоӣ расонида шуд.

Ин кӯмакҳо аз маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалия – орд, шакар, равған, биринҷ, макарон ва гӯшти мурғ иборат буда, аз ҷумла, ба тарбиятграндагони муассисаҳои давлатии мактаб-интернатҳои №1 (67 нафар) , №2 (53 нафар) ва №3 (43 нафар), Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (130 нафар), Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахметов (130), Маркази назорати давлатии назорати санитарию эпидемиологи шаҳри Душанбе (30 нафар), Маркази тиббии шаҳрии №3 (300 нафар), Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” (200 нафар), Маркази шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” (200 нафар), Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи нақлиётии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (145 нафар), Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон (10 нафар) тақдим гардид.

Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зимни супоридани кӯмакҳои мазкур ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Душанбе иброз намуд, ки ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикороти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегиранд ва насли навраси кишвар бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо ҷиддан аз пайи омӯзиш шаванду содиқона ба халқу Ватани хеш хидмат намоянд.

Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин зимни супоридани кӯмакҳо ба кормандони муассисаҳои тиббии пойтахт онҳоро “дардошноёни миллат” хонда, барои заҳматҳои шабонарӯзияшон ҷиҳати ҳифзи солимии миллат ибрози сипос кард. “Дар ин даврони ҳассос шумо беш аз ҳарвақта мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ва Раиси муҳтарами шаҳри Душанбе қарор доред ва аз хидматҳои содиқонаи шумо мо ифтихор мекунем. Итминон дорем, ки шумо барои сазовор будан ба боварии Сарвари давлат , Раиси шаҳр ва мардуми кишвар дар оянда низ аз таҳти дил ҷаҳду талош менамоед ”.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ин гуна ташаббусҳои башардӯстона ба таври доимӣ роҳандозӣ мешаванд.

“Бояд мо – соҳибкорон ҳамеша аз сиёсати созандаи иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ карда, барои пешрафту ободонии кишвар ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдом намоем. Зеро ҳамаи муваффаққятҳои тиҷоратии мо ҳам, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва Раиси муҳтарами шаҳр ба даст омадааст ”.

Ин соҳибкор дар арафаи иди Фитр ҳам ба 1700 нафар кормандони тиббии беморхонаҳои 4 ноҳияи пойтахт ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида буд.
Вернуться назад