Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» ба фаъолият оғоз намуд

Дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» ба фаъолият оғоз намуд


4-07-2020, 10:58.

Дар робита ба саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорон як зумра корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, корхонаи мазкур бо маблағгузории фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Магнитогорски Федератсияи Россия таъсис ёфтааст.

Роҳбари ҶДММ «Саманд Исфара» Фахриддин Сироҷов иброз намуд, ки аз ҷониби муассис ба миқдори 233,5 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифта, дар ояндаи наздик ҳаҷми он ба 500 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.

Дар корхона 30 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Истеҳсоли корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки беш аз 10 ҳазор ҷуфт намудҳои гуногуни пойафзол барои кӯдакон ва калонсолон истеҳсол гардад.

Бояд тазаккур дод, ки давоми нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Исфара боз ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ: коргоҳи коркарди сангҳои ороишӣ «Аниси Исфара» ва коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Вернуться назад