Главная > Навидҳо > Оғози корхонаҳои нави истеҳсолӣ

Оғози корхонаҳои нави истеҳсолӣ


14-04-2016, 15:50.
Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2016 ва омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 апрел зимни ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли равон аз 68 адад иборат аст. Тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи усули “Равзанаи ягона” то 1 апрели соли 2016 дар миқёси ҷумҳурӣ 280 415 адад субъекти соҳибкории фаъолияткунанда бақайд гирифта шудааст.
Дар ин давра 1792 адад шартномаи иҷораи моликияти коммуналӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷетҳои маҳаллӣ 2694,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2015 мутаносибан 78 адад шартнома ва 854,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ воридгардида 3,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 421,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Оид ба омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки бахшида ба таҷлили 25-умин солгарди ҷашни бузурги миллӣ дар моҳҳои наздик бо ҷалби сармояи мустақим корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 миллиону 200 ҳазор тонна, корхонаи гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии се миллион дона, корхонаҳои истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, корхонаи истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Данғара, Корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар ноҳияи Фархор, комбинати металлургӣ бо иқтидори 150 ҳазор тонна дар шаҳри Ҳисор, қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар иншооти муҳим ба истифода дода мешаванд.
Вернуться назад