Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Дар Бадахшон коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода мешавад

Дар Бадахшон коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода мешавад


29-06-2020, 12:20.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи августи соли 2020 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон коргоҳи дӯзандагӣ ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди кормандони шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шуъбаи ҷавонон ва варзиши вилоят аз коргоҳи дӯзандагии мазкур маълумот дода шуд, ки дар ин коргоҳ 50 нафар занону бонувон соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд гашт.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, хусусан дар шаҳри Хоруғ сохтмони 74 адад иншооти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ идома доранд, ки қисми онҳо аллакай мавриди ифтитоҳ қарор гирифта, то фарорасии ин ҷашни муқаддаси умумимиллӣ ҳамаи онҳо ба истифода дода хоҳанд шуд.


Вернуться назад