Главная > Навидҳо / Сайёҳӣ > Зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Норак баррасӣ гардиданд

Зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Норак баррасӣ гардиданд


27-06-2020, 12:38.

Зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Норак зимни ҳамоише, ки дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд, муаррифӣ гардиданд, хабар медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади омодагӣ ба мавсими сайёҳӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, масъулини сохторҳои марбути соҳаи сайёҳӣ ва шахсони фаъоли ҷомеа ширкат дошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати инфрасохтори ба талабот ҷавобгӯ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, истироҳатгоҳҳо, норасоии мутахассисони ботаҷрибаю касбӣ дар ин соҳа, ба талабот ҷавобгӯй намудани ҳолати санитарию гигиении марказҳои хизматрасонӣ ва ҷойҳои тамошои сайёҳӣ бо мақсади пешгирӣ аз вируси COVID-19, дар мавзеъҳои сайёҳии минтақа фароҳам овардани шароити хизматрасонӣ, бештару беҳтар тарғиб намудани имкониятҳои сайёҳии шаҳр берун аз ҷумҳурӣ, фаъол намудани хатсайрҳои сайёҳӣ ба шаҳр, ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ ва тарғиби имкониятҳои сайёҳии шаҳр тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтанд.

Тазаккур дода шуд, ки мавқеи ҷуғрофии шаҳри Норак, фазои мусоиди экологӣ ва чашмаҳои гуногуни шифобахши манотиқи гирду атрофи он барои рушди сайёҳии экологӣ ва курортиву санаторӣ иқтидори воқеӣ дорад.

Имрӯз инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Норак дар ҳолати хуб қарор дорад ва бунёди истироҳатгоҳҳу марказҳои нави хизматрасонӣ барои ҷалби бештари сайёҳон ба он заминаи мусоид мегузорад.

Тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 шаҳри Норак ҳамчун шиносномаи сайёҳии кишвар дониста шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Норак 2 меҳмонхона, 9 минтақаи истироҳатӣ, 5 тарабхона, 1 осорхона, 28 ёдгории таърихӣ, 12 нуқтаи хизматрасонии бонкӣ, 3 гӯшаи фурӯши армуғонҳо, 5 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 46 мавзеи сайёҳӣ, зиёда аз 58 минтақаи истироҳатӣ мавҷуд мебошанд.

Ҳамчунин бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соҳили дарёи Вахш сохтмони зиёда аз 80 иншооти фароғатӣ идома дорад.


Вернуться назад