Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Сироҷиддин Муҳриддин ва Петтери Таалас таҳкими ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе оид ба об»-ро баррасӣ намуданд

Сироҷиддин Муҳриддин ва Петтери Таалас таҳкими ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе оид ба об»-ро баррасӣ намуданд


24-06-2020, 08:25.
23 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метереологӣ (WMO) Петтери Таалас суҳбати видеоӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот Петтери Таалас роҷеъ ба Эътилофи обу иқлим баҳри Ҳадафи 6-уми рушди устувор маълумоти муфассал ироа кард.

Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ бо ироаи маълумот оид ба талошу иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар сатҳҳои гуногун вобаста ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва зарурати ҳифзи пиряхҳо, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар доираи «Раванди Душанбе оид ба об» изҳори ақида намуд.
Вернуться назад