Главная > Навидҳо > Наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб мешаванд

Наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ ҷалб мешаванд


12-04-2016, 11:11.
Дар китобхонаи марказии ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак семинари омӯзишии китобдорон таҳти унвони-«Нақши китобхона ва китобдор дар баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ба воситаи китоб» баргузор гардид.
Семинар бо мақсади ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба китобу китобхона, тарғибу ташвиқи мероси гаронмояи фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои тозаи илмӣ-техникӣ дар байни онҳо, тарбияи ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас гузаронида шуд.
Тавре ки Тӯтинисо Юсупова, роҳбари Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин иттилоъ дод, дар давраи омӯзишӣ 40 нафар китобдорони китобхонаи марказӣ ва мудирони китобхонаҳои деҳоту шаҳри Норак ширкат варзиданд.
Вернуться назад