Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Хуросон: Омӯзгорон ба маъракаи сохтусози хонаҳои зарардидагони офати табиӣ пайвастанд

Хуросон: Омӯзгорон ба маъракаи сохтусози хонаҳои зарардидагони офати табиӣ пайвастанд


11-06-2020, 11:21.

Омӯзгорони мактабҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи «Садриддин Айнӣ», «Ҳилолӣ» ва «Қизилқалъа»-и ноҳияи Хуросон, инчунин устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо ташаббуси инсондӯстонаи худ ба кӯмаки зарардидагони офати табиӣ омада, дар сохтусози манзилҳои нави зист ба онҳо ҳамроҳ шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

— Имрӯзҳо, ки дар донишгоҳ таътил аст, мо-омӯзгорон тасмим гирифтем, ки ба маҳаллаи Чорбоғ омада, ба сокинони ин мавзеъ дар кори сохтмони манзилҳояшон дасти ёрӣ расонем, — зикр намуд Илҳомҷон Қодирӣ, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.

Нарзулло Шодиев, муовини раиси ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, иттилоъ дод, ки шумораи ихтиёриёне, ки ҳамарӯза дар маҳалли навбунёд ба ёрии мардум меоянд, зиёд аст. Имрӯз ҳам, ба қавли ӯ, дар маҷмӯъ беш аз ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ барои кумак ҳозир шудаанд.

Н.Шодиев саҳми ҳамаи ихтиёриён, аз ҷумла устодону омӯзгоронро дар баробари дигар хайрхоҳон хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.

Ректорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфуддин Давлатзода ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода, қайд карданд, ки ҳамдастии омӯзгорони ин мактабҳои олӣ дар корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Хуросон то пурра ба анҷом расидани сохтусози манзилҳо идома хоҳад кард.
Вернуться назад