Главная > Навидҳо > Ба инобат гирифтани имкониятҳои мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун

Ба инобат гирифтани имкониятҳои мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун


9-04-2016, 10:53.
Гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рушди туризми дохилӣ ки дар ҳайати он (ташабускорони лоиҳа) вакилони МН МО ҶТ, намояндагони вазорату идораҳо, Академияи илмҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, Ассосиатсия ташкилотҳои ёрирасон ба инкишофи туризми Тоҷикистон ва АМИТ Ховар гирд омадаанд, аз чанд минтақаи сайёҳии шаҳри Панҷакент боздид ба амал оварданд. Тавре котиби гуруҳи корӣ Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода изҳор дошт, мақсади ин сафар, ки бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва дигар аъзоёни гуруҳи корӣ сурат гирифт, аз шиносоӣ бо вазъияти мавзеъҳои сайёҳӣ, омодагии ширкатҳои сайёҳӣ ба давраи қабули сайёҳон, инчунин мушкилоти мавҷуда оид ба сатҳу сифати хизматрасонии саёҳӣ, шароити қабули сайёҳон дар меҳмонхонаҳои хурд (Home stay) ва дигар масъалаҳое, ки ба соҳаи туризм наздикӣ доранд, иборат буд. Ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ», ки айни замон омӯзиши лоиҳаи он ҷараён дорад, ба инобат гирифтани шароити кору фаъолияти инфрасохторҳо хеле муҳим мебошад — таъкид намуд номбурда. Сафари гурҳи корӣ аз оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд воқеъ гардидааст, шуруъ гардида, сипас дар пойгоҳҳои куҳнавардию сайёҳии Артуч ва Ҳафткӯл идома ёфт. Дар мавзеъҳои зикрагардида суҳбату вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳии минатқаҳои вилояти Суғд, соҳибкорони инфиродӣ, соҳибони меҳмонхоанҳои хурд (Home stay) ва дигар ашхоси дар соҳаи туризм фаъолиятбаранда доир гардиданд. Роҳбарони ширкатҳои хурди сайёҳӣ доир ба баррасии лоҳиаи қонуни мазкур дар шакле, ки гуруҳи корӣ, хусусан аъзоёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтаанд, изҳори хушнудӣ намуда, онро лоиқи дастгирӣ донистанд, чунки дархсоту пешниҳодоти онҳо ҷиҳати рушди туризми дохилӣ, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷвуда ба инобат гирифта мешавад. Гуруҳи корӣ дар ҳама минтақаҳои саёҳии шаҳри Панҷакент, ба саволҳои иштирокдорон, ки фаъолияти онҳо ба соҳаи туризм нигаронида шудааст, посухҳои мушаххас додаанд. ,
Хотиррасон мешавем, ки 11- марти соли равон бо баргузории ҷаласа дар МН МО ҶТ гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» ба кори худ шуруъ намуд.
Вернуться назад