Главная > Навидҳо > Сарвазири мамлакат бо ҷараёни бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон шинос шуд

Сарвазири мамлакат бо ҷараёни бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон шинос шуд


9-04-2016, 10:46.


Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ва ҷараёни бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон шинос шуд.
Сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа аз тадбирҳои муҳими омодагӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мегардад.
Қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа аз иншооти муҳими соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат буда, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он дар самти раҳоии мамлакат аз бунбасти комуникатсионӣ боз як қадами устувор гузошта мешавад.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш бо рафти корҳои нақбканӣ, омодасозии таҳкурсӣ ва васлу насби қисмати болоии роҳ шуруъ аз истгоҳи Ваҳдат то ба истгоҳи роҳи оҳан дар ноҳияи Ёвон шинос гардида, роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, ширкату иттиҳодияҳои роҳсозӣ ва дигар масъулини соҳаро барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, бунёди иншооти ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳони муосир ва дорои иқтидору тавоноии хизматрасонӣ ҷиҳати давраҳои тӯлонӣ, риояи талаботи техникаи бехатарӣ, азхудкунии пурраи маблағҳои ҷудогардида баҳри ҳар як моҳи тақвимӣ ва дар маҷмуъ таъмини иҷрои нақшаю барномаҳои тақвимии корӣ дар сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим вазифадор кард.
Хотиррасон бояд кард, ки сохтмони қитъаи мазкури роҳи оҳан бо иқдом ва ташабусҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2009-ум шуруъ гардида, тибқи нақша дар давоми соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа дар масофаи беш аз 40,6 км бунёд мегардад ва ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар иншоот дар марҳилаҳои анҷомёбӣ қарор доранд. Фоизи бештари корҳои иҷрошуда аз ҳисоби омодасозии таҳкурсии роҳ, васлу насби қабати болоӣ, бунёди нақбу пулҳо ва дигар иншооти ёрирасон таъмин гардидааст. Корҳои умумии нақбканӣ дар масофаи 3643 метр анҷом дода шуда, дар ҳар се нақби асосӣ корҳои бетонпӯшнамоии қисмати болоии нақб ҷараён дорад. Дар мавзеи бунёди кӯпрукҳо низ корҳои асосии бунёди сутунҳо оғоз гардида дар маҷмуъ лоиҳа аз 5 кӯпрук иборат мебошад ва дарозии умумии ин пулҳо 581,68 метрро ташкил медиҳад.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли креолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд. Бунёди ин корхона бо мақсади эҳё ва рушди дубораи соҳаи саноати кимиё дар мамлакат ва татбиқи лоиҳаи гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳалӣ амалӣ гардида, тибқи нақша он тобистони соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.Иқтидори корхона ба истеҳсоли 12 ҳазор тонна криоллит, 18 ҳазор тонна алюминии фтордор ва 22 ҳазор тонна кислотаи сулфат дар як сол баробар мебошад.
Имрӯз ҳайати ҳукумати мамлакат ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1 млн 200 ҳазор тонна шинос шуданд.
Умуман талошҳои бунёди иншооти гуногуни роҳу нақлиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити созгори сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна, гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳалӣ, кам кардани суръати воридоти молу маҳсулот аз хориҷ бо роҳи афзун намудани истеҳсолоти ватанӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии иҷрои ин тадбирҳои созандагӣ беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини рушди бештари соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат мебошад.


Вернуться назад