Главная > Навидҳо > Дар Тоҷикистон маросими расмии татбиқи Лоиҳаи бузурги «СASA-1000» баргузор хоҳад гашт

Дар Тоҷикистон маросими расмии татбиқи Лоиҳаи бузурги «СASA-1000» баргузор хоҳад гашт


6-04-2016, 13:39.
Ин лоиҳа Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро дарбар мегирад. Лоиҳа барои кишварҳои ширкаткунанда як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард: аз ҷумла, коҳиши норасоии неруи барқ, беҳбудӣ дар кори тиҷорат, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ ва ғайра.
Тавре ки муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иттилоъ дод, иқтидори энергетикии неруи барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тобистон бениҳоят зиёд аст.
«Вобаста ба маҷрои дарёи Вахш истеҳсоли неруи барқ аз 3 то 8 млрд кВ/соат арзёбӣ карда мешавад. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур мо тақрибан 3 млрд кВ/с неруи барқро метавонем ба дигар кишварҳо содир намоем»,-илова намуд мусоҳиб.
Дар лоиҳа чор кишвар ҷалб гардида, дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун содиркунандаи неруи барқ муайян шуда, Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон ва Афғонистон чун воридкунанда ширкат мекунанд. Асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳа ҳанӯз соли 2009 анҷом дода шуда, соли 2011 лоиҳа аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардида буд.
«Дар амалигардонии лоиҳа Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки Аврупоии сармоягузорӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва дигар ташкилотҳо саҳм хоҳанд гузошт»,- илова намуд Ҷамшед Шоимзода.

Вернуться назад