Главная > Навидҳо > Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ба ташаккули ҳуқуқи шаҳрвандон нигаронида шудааст

Ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ ба ташаккули ҳуқуқи шаҳрвандон нигаронида шудааст


7-04-2016, 13:35.

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумхурии Тоҷикистон кормандони Прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот миёни идораву ташкилот ва сокинони маҳаллаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.
Ин навбат масъулин бо кормандони Ҷамъияти шакли кушодаи Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб дар мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, райъпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани назорат аз болои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иҷроиши як қатор қонуну қарорҳои амалкунанда вохӯрии судманд доир намуданд.
Маърӯзачиён таъкид намуданд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо дар 40 банди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, он ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ташаккули ҳуқуқи шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Тавре ки Алишер Ташрифов, ҳуқуқшиноси Фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб иброз дошт, дар ҷамъомад оид ба ҷилавгирии зуҳуроти номатлуб, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва садоқат ба Ватан сухан ронда шуд.



Вернуться назад