Главная > Навидҳо > Бо дастури Пешвои миллат Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати оилаҳои шахсони аз бемории сироятӣ фавтида рафт

Бо дастури Пешвои миллат Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати оилаҳои шахсони аз бемории сироятӣ фавтида рафт


23-05-2020, 11:56.
Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ба манзилҳои фавтидагон аз бемории илтиҳоби шуш рафта, аҳли оилаи онҳоро аёдат ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро изҳори таслият намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд, аз ҷумла оилаи аз бемории сироятии илтиҳоби шуш фавтидаи Робия Дӯстова, сокини деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва оилаи фавтида Хурсандой Гадоева, сокини кӯчаи ба номи О. Мӯъминова, №78 – и шаҳри Панҷакентро аёдат намуда, ба аҳли оила изҳори ҳамдардӣ баён дошта, кумаки моддӣ расонид.

Раҷаббой Аҳмадзода бо мардуми ин маҳаллаҳо суҳбат намуда, ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин дастур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Қоидаҳои гигиенӣ, меъёрҳои фосилавиро риоя намуда наздикон ва аҳли оилаи худро эҳтиёт кунанд.

Зикр шуд, ки бо заҳмати шабонарӯзии табибони тоҷик аксари мубталоёни бемории COVID-19 шифо ёфта истода, сироятёбӣ ба беморӣ коҳиш ёфта истодааст.
Вернуться назад