Главная > Навидҳо > Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардӣ изҳор намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардӣ изҳор намуданд


23-05-2020, 09:55.
«Дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён мекунам ва ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил мехоҳам», — баён доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба муносибати иди Фитр.

Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлат дар ин паёми худ бори дигар ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуданд ки ба хотири ҳифзи саломатии худ ва дигарон дар хона, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои беҳдоштӣ ва низоми рафтори аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсияшуда ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявиро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

«Дар хотир бояд дошт, ки риояи тозагиву покизагӣ, яъне қоидаҳои беҳдошти шахсӣ на танҳо шарти муҳимми ҳифзи саломатист, балки тибқи таълимоти исломӣ яке аз фазилатҳои муҳимтарини ахлоқии ҳар як шахси мусулмон низ мебошад», — иброз доштанд Пешвои миллат.

Ёдовар мешавем, ки то соати 19:30 дақиқаи 22 май дар Тоҷикистон 2551 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1089 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус бетағйир боқӣ монда, 44 нафар мебошад.
Вернуться назад