Главная > Навидҳо > Кумаки Пешвои миллат ба табибону беморони шаҳри Конибодом низ расид

Кумаки Пешвои миллат ба табибону беморони шаҳри Конибодом низ расид


19-05-2020, 10:53.
16 май дар идомаи сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории коронавируси намуди нави COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 6 мошини пурбор кумаки моддии аз пойтахти мамлакат расида дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом низ ворид гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд.

Кумакҳо, ки аз маводи хӯрокворӣ ва доруворӣ иборат мебошанд, ба табибони мушфиқ, ки имрӯз ҷоннисорӣ намуда, шабонарӯзӣ барои ҷилавгирӣ намудан аз бемории илтиҳоби шуш ва вируси марговари корона заҳмат мекашанд, инчунин ба ҳамаи шахсони мубталои ин беморӣ эҳдо мегарданд.

Маводи озуқаворӣ асосан аз молҳои мавриди ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои шаҳру деҳот сарулибоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбоби муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешаванд.

Кумаки зикршуда табибон ва тамоми беморонро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмӯъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Вернуться назад