Главная > Навидҳо > CОVID-19. Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гаштҳои шабона ба роҳ мондааст

CОVID-19. Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гаштҳои шабона ба роҳ мондааст


18-05-2020, 11:18.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ гаштҳои шабона ва рӯзона ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад 17 май муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ба ноҳияи Данғара, Мирҳамуддин Камолзода ба ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат сафар намуда, бо ҳолати муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд.

Муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аснои шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои мазкур масъалаҳои гузаронидани ташхисҳо, ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, таъмини беморхонаҳо бо маводи доруворию зиддивирусӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди санҷиш қарор доданд.

Инчунин шаби 16 май Сардори Раёсати ислоҳот, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Обидҷон Аминов ва директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» Илҳом Бандаев аз марказҳои саломатии №№ 9, 10 ва 14-и шаҳри Душанбе дидан намуда, бо вазъи хизматрасонии шабонарӯзии марказҳои мазкур шинос шуданд.

Ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат — ин аз наздик шинос шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, сари вақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва сари вақт ҳал намудани онҳо мебошад.
Вернуться назад