Главная > Навидҳо > Темурмалик: Бунёди ду бунгоҳи тиббии замонавӣ

Темурмалик: Бунёди ду бунгоҳи тиббии замонавӣ


4-04-2016, 13:17.

Дар деҳаи Баҳманрӯди деҳоти Танобчӣ ва Рӯҳафзои деҳоти ба номи Саидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик бо усули ҳашар ду бунгоҳи тиббии замонавӣ бунёд гардид, ки ҳардуи он дорои 3 ҳуҷраи корӣ мебошанд.
Гулмаҳмадзода Мирзохон Санг, раиси ноҳия Темурмалик зимни кушодашавии ин бунггоҳҳои тиббӣ аз ташаббусҳои бунёдкоронаи сокинони деҳа изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии сокинон дар ҳудуди ноҳия ва маркази он шаҳраки Совет даҳҳо иншооти истеҳсолию маишӣ бунёд ёфта истодаанд, ки як қисмати он, аз ҷумла бинои осоишгоҳ барои 100 истироҳаткунанда дар арафаи анҷомёбист.

Вернуться назад