Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон масоили мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирусро баррасӣ намуданд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон масоили мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирусро баррасӣ намуданд


11-05-2020, 12:38.

9 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Элмар Мамедяров суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазирони корҳои хориҷӣ якдигарро бо ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд низ ҳамчун замина барои рушди муттасили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон хизмат хоҳад кард.

Мусоҳибон масоили мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирусро муҳокима намуда, якдигарро дар бораи вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ дар ду кишвар огоҳ карданд ва омодагии худро барои кори муштарак дар ин самт тасдиқ намуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин ба Элмар Мамедяров барои кумаки башардӯстона, ки 7 май ба Тоҷикистон дар шакли лавозимоти тиббӣ ворид гардид, изҳори миннатдорӣ кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масоили ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва ҳамгироӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Вернуться назад