Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > ИМСОЛ ИМТИҲОНОТИ ҚАБУЛ БА МАКОТИБИ ОЛӢ ЧӢ ТАВР СУРАТ МЕГИРАНД? Шарҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИМСОЛ ИМТИҲОНОТИ ҚАБУЛ БА МАКОТИБИ ОЛӢ ЧӢ ТАВР СУРАТ МЕГИРАНД? Шарҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


10-05-2020, 12:23.

Бисёр хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ имрӯзҳо мехоҳанд донанд, ки имсол, дар шароити пандемияи COVID-19 маъракаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олӣ чӣ тавр сурат мегирад. Ба ин суол дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷавоб доданд:

Дӯстони азиз! Ҳоло дар раванди баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуние нашудааст.

Агар тағйироте шуд, ҳатман хабараш ба воситаи сомонаи ММТ ва васоити ахбори омма пахш мегардад. Бинобар ин, аз сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон http://ntc.tj/ru/ зуд-зуд дидан намоед!
Телефонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот: 224 53 66; 224 53 68.

Дӯстони арҷманд, дар ин замина лозим медонем, таъкид кунам, ки ҳоло то вақти баргузории имтиҳонҳо фурсат ҳаст, аз ин рӯ ба таҳлука наафтед! Қоидаҳои шахсӣ ва ҷамъиятии беҳдоштиро риоя намоед, саломатии худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед ва ба имтиҳонҳо омодагӣ бинед.
Вернуться назад