Главная > Навидҳо / Фарзонафарзандон > «УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД». Ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида мешавад

«УМРИ АЙНӢ АЗ БАРОИ ХАЛҚ САРФИ ХОМА ШУД». Ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бахшида мешавад


15-04-2020, 13:17.

Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон, нависандаи барҷаста ва нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Садриддин Айнист. Дар бораи хизматҳои беназири Устод Айнӣ барои миллати тоҷик шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир гуфтааст:

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Нависандагон ва донишмандони ғарбӣ номи Айниро бо Ҷек Лондон, Киплинг, Горкий, Кнут Гамсун барин нависандагони шаҳир дар як қатор гузоштаанд. Бахусус, асарҳои устод «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Мактаби кӯҳна» дар Ғарб ба нашр расидаву шӯҳрат ёфтаанд, ки дар ин амал тарҷумаҳои русии осори ӯ нақши муайян доштаанд.

Вобаста ба игн мавзӯъ сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон САФАРЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” чунин изҳори назар намуд:

-Танҳо дар асари худ таҳти унвони «Маънои калимаи «тоҷик» ва услуби нигориши он», ки ҳамагӣ 24 саҳифаи дастнавис аст, устод Айнӣ 208 маротиба калимаи «тоҷик»-ро зикр намуда, барои исботи фикраш санадҳои раднопазир овардааст.

Устод Айнӣ дар ин асари худ ба ҳеҷ ваҷҳ аз паи дарбар гирифтани ҳамаи манбаъҳои хаттие, ки дар онҳо калимаи «тоҷик» (тозик, тожик) баррасӣ шудааст, нарафтааст ва агар мерафт ҳам, ин кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳатто номумкин буд. Бояд тазаккур дод, ки қисме аз манбаъҳои хаттии гузашта, ки дар онҳо дар бораи калимаи тоҷик-тозик-тожик сухан рафтааст, дар навиштаҳои ховаршиносон низ зикр шудаанд ва ба ин восита дар адабиёти илмӣ дар ин бобат фикрҳои мухталифе аз тарафи Н. Хаников, В. В. Бартолд, М. С. Андреев, А. А. Семёнов, А. Ю. Якубовский, Б. Ғ. Ғафуров, А. Н. Бернштам, Е. Э. Бертелс, А. К. Боровков, И. И. Умняков, Н. А. Кисляков, И. Оранский ва чанди дигар баён гардидаанд.

Садриддин Айнӣ ҳангоми таълифи мақола аз асарҳои мухталиф, ки солҳои гуногун таълиф шудаанд, ба тартиб мисолҳо меорад. Аз «Куллиёт»-и Ҷомӣ як мисол, аз як асари дастнависи Хоҷа Абдулқодири Холиқи Ғиждувонӣ бо номи «Маноқиби Хоҷа Юсуфи Ҳамадонӣ», ки дар Ҳиндустон китобат карда шудааст, ду мисол, аз маҷмӯаи матнҳое, ки Бартолд ҷамъ карда, соли 1898 дар Петербург чоп кардааст, як мисол, аз асари «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Хоҷа Рашидаддини табиб се мисол ва аз «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд бисту як мисолро чун намуна барои исботи фикраш овардааст.

Баъд аз овардани мисолҳо ва таҳлили онҳо устод Айнӣ ба хулосае омада, барои хонанда андешаву пешниҳодоти худро ба таври алоҳида нишон медиҳад.

«1. Чунонки дар мисоли аз асари Хоҷа Абдулқодири Холиқи Ғиждувонӣ гирифташуда дидем, калимаи «тоҷик» бо ҳамин шакл аз асри XII боз дар адабиёт навишта будааст… ва дар ҳамин асри XII будани ин калима ҳаминро нишон медиҳад, ки дар асри мазкур ва пештар аз он ин калима дар байни халқ забонзад ва дар байни муаллифон ва нависандагон яке аз истилоҳҳои истифодамешуда будааст…

Калимаи «тоҷик» ба сифати номи як халқи форсизабон сараввал ба мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он дар мавриди ҳамаи форсизабонони рӯи дунё ба кор бурда шудааст.
Халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонҳои хеле қадим боз номи «тоҷик» ба инҳо дода шудааст, албатта, баробари ин ном пайдо нашудаанд, ё ин ки аз ягон ҷой наёмадаанд, балки инҳо аҳолии як сарзаминанд, ки баъд аз исломият ба инҳо номи «тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ» дода шудааст… …баъд аз он ҳамаи халқҳои форсизабонро бо ин ном ном бурдан мумкин шуморида шудааст (мисолҳои боло инро равшан исбот карданд) …» (С.Айнӣ. Маънии калимаи «тоҷик» // Тоҷикон дар қаламрави Ориёно / мураттиб М. Шукурзода. – Душанбе: Деваштич, 2009. – Саҳ. 53-54).
Бо ин хулосаи худ устод Айнӣ тавонист бори дигар исбот намояд, ки фарзандони тоҷикро аз қадим, ки худро «тоҷик» номидаву бо ҳамин ном ба дигар мардумон муаррифӣ шудаанд, мешиносанд.

Ҳамчунин устод Айнӣ дар ҷойи дигар зикр менамояд, ки «дар аввал мақому шаклҳои гуногуни калимаи «тоҷик»-ро нишон дода гуфта будем, ки шакли аслии ин калима «тоҷик» буда, муғулҳо ва туркҳои қадимӣ ин калимаро гуфта натавониста, бо табдил кардани ҳарфи «ҷ» бо «з» «тозик» гуфтанд ва ин қавли худро бо мисолҳои гуногун, ки аз таълифоти асарҳои гуногун гирифта шудаанд, исбот ва таъкид ҳам шуд ва инчунин маънии калимаи «тоҷик» ба сифати як халқи форсизабон будан низ дар боло бо далелҳо ва мисолҳои аз муаллифони гуногун гирифташуда исбот карда шуд.

Аммо чӣ будани маънии аслии калимаи «тоҷик» ва қатъи назар аз номи як халқи форсизабон будан, чӣ маънӣ доштани он ва баромадгоҳи он ва инчунин ба чӣ сабаб ба як халқи форсизабон ном шудани ин калима то ҳол равшан карда нашудааст.

Калимаи «тоҷик» аз тарафи ягон муаллифи мӯътабар бо роҳи забоншиносӣ (лингвистӣ) то ҳол таҳлил карда нашудааст ва агар ягон таҳлили маъқуле шуда бошад ҳам, то ҳол ба воситаи адабиёти навишта ба мо нарасидааст…» (С.Айнӣ. Асари номбурда. – Саҳ. 54).

Ба гуфтаҳои устод Айнӣ, калимаи «тоҷик» аз се ҷузъ иборат аст: «тоҷ-и-к». Якум тоҷ аст, ки зиннати сари подшоҳон ва нишонаи подшоҳии онон буда, номи дигари вай дар форсӣ «афсар» ва дар арабӣ «иклил» аст; дуввум ҳарфи «ӣ»-и нисбат аст, масалан, мо «бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ» гӯем ҳамин «ӣ» ҳамроҳ мешавад ва чизҳо, ё шахсҳои ба ин шаҳрҳо мансубро мефаҳмонад; ҷузъи савум ҳарфи «к»-и исмӣ аст.

Аз мутолиаи мақолаи зикршудаи устод Айнӣ бармеояд, ки дар ҳамон солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо мақсади баланд бардоштани рӯҳи миллии тоҷикон, ҳисси ватандӯстии ҳамқавмон, ҷалби онҳо ба мубориза алайҳи душманон, муттаҳидии тоҷикони тамоми ҷаҳон устод Айнӣ бо ин мақолаи муҳими худ саҳми сазовор гузоштааст. Ба қавли худи Устод Айнӣ, “қалам шамшери ӯ” гашта буд.
Вернуться назад