Главная > Навидҳо > БА ОВОЗАҲОИ БЕАСОС БОВАР НАКУНЕД! Вазорати тандурустӣ: «Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид»

БА ОВОЗАҲОИ БЕАСОС БОВАР НАКУНЕД! Вазорати тандурустӣ: «Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳоҷимуҳаммад Тошев бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид»


11-04-2020, 13:40.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 11 апрел сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Ҳоҷимуҳаммад Тошев, ки дар беморхонаи минтақавии «Ўзбекқишлоқ» зери назорати карантинӣ қарор дошт, бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4 фавтидааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ медиҳад.

Вазорат вобаста ба ин бо нашри баёнияе дар сомонаи расмии худ аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон бо коронавируси нав бовар накунанд ва танҳо ба маълумотҳои мақомоти расмӣ такя намоянд.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони мамлакат метавонанд зимни пайдо гардидани саволҳо ва дастрасии тавсияҳо нисбат ба сирояти коронавируси нав, тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд, муроҷиат намоянд.

«Аз 1 феврал то 11 апрел 7 ҳазору 432 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи зикршуда то 11 апрел 5 ҳазору 530 нафар ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1902 нафари онҳо зери назорати карантинӣ қарор доранд», — афзуд манбаъ.

Хотиррасон менамоем, ки то имрӯз дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале ба ин нигоҳ накарда масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи вуруди ин вирус ба мамлакатро пурзӯр менамоянд.
Вернуться назад