Главная > Навидҳо / Тоҷикистон > Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон қисми зиёди шаҳрвандон аз фурудгоҳи «Шереметово» ба таври ройгон ба Ватан оварда шуданд

Бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон қисми зиёди шаҳрвандон аз фурудгоҳи «Шереметово» ба таври ройгон ба Ватан оварда шуданд


27-03-2020, 08:44.

Давоми як ҳафтаи охир парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» тавассути хатсайри Москва — Душанбе анҷом дода шуда, шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳҳои «Домодедово», «Жуковский», «Внуково» ва «Шереметово» ба Ватан баргардонида шуданд.

Тавре Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, бо мақсади ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки пас аз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар робита ба паҳншавии коронавируси нав (COVID-19) пеш омад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурии фаврӣ андешида шуданд.

Бо назардошти он ки теъдоди муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи транзитии фурудгоҳи «Шереметово»-и Москва дармонда буданд, Сафорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти соҳавии Россия, пеш аз ҳама, масоили расонидани кумаки тиббии фаврӣ, инчунин ғизо ва нушокӣ ба онҳоро таъмин намуд. Ҳамин тариқ, бо дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ қисми зиёди шаҳрвандон аз фурудгоҳи «Шереметово» бинобар мушкилоти молиявиашон ба таври ройгон ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои мунтазирии шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои «Жуковский», «Внуково» ва «Шереметово», дар ҳамоҳангӣ бо Сафорат барои ҳамаи онҳо намудҳои гуногуни ғизо ва нӯшокӣ таъмин гардид.

Қобили зикр аст, ки дар заминаи муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистону Россия бо мақсади андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ҷониби мақомоти соҳавии Россия якчанд маротиба намунаҳои тестӣ ва дигар маводи зарурии тиббӣ барои соҳаи тандурустии Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона фиристода шуд.

Бо назардошти ҳолати душвори бавуҷудомада, ки ҳамаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, бори дигар аз ҳамватанон хоҳиш мешавад, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидашудаи Ҳукумати мамлакати иқоматро комилан риоя намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд.

Дар сурати ба миён омадани мушкилот ва дигар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Россия бо рақамҳои телефон ва адресҳои электронии интернетии зерин тамос гиранд:

ш. Москва:

Тел: +7 (495) 690-41-86

Моб: +7 (985) 740-02-12

+7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

tajembmoscow@mfa.tj

ш. Санкт-Петербург:

тел: +7 (812) 490-47-46

tajgencons.piter@mfa.tj

ш. Уфа:

тел: +7 (347) 276-52-96

tajconsufa@mfa.tj

ш. Екатеринбург:

тел: +7 (343) 370-23-60

tajconsek@mfa.tj

ш. Новосибирск:

тел: +7 (383) 349-59-70

tajgencons.nsk@mfa.tj
Вернуться назад