Главная > Навидҳо > Наврӯзи тоҷикон дар меҳмонии Давлати Кувайт

Наврӯзи тоҷикон дар меҳмонии Давлати Кувайт


24-03-2016, 10:59.
Як ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов ба Давлати Кувайт сафар намуданд.

Меҳмонони тоҷикро дар фурудгоҳи Шайх Сааад Абдуллоҳи Давлати Кувайт намояндагони вазорати фарҳанги ин кишвар ва Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов пешвоз гирифтанд.

Ҳадаф аз ин сафар баргузор намудани Барномаи консертӣ ва намоиши рассомони тоҷик бахшида ба таҷлили Наврӯзи Байналмилалӣ дар Давлати Кувайт ва ба мардуми ин кишвари арабӣ бештар муаррифӣ кардани фарҳанги тоҷикон мебошад.
Вернуться назад