Главная > Навидҳо / Фарҳанг > Баландии табақи суманак, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе қомат афрохтааст, 30 метрро ташкил медиҳад

Баландии табақи суманак, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе қомат афрохтааст, 30 метрро ташкил медиҳад


11-03-2020, 09:34.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар маркази шаҳри Душанбе — майдони «Дӯстӣ», дар паҳлуи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат афрохтааст. Баландии суманак 30 метрро ташкил дода, паҳноии табақи он 16 метрро дар бар мегирад. Табақи суманак аз ҳафт қабат иборат аст. Ҳар қабати суманак бо нақшу нигори хоси минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ оро дода мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороишӣ»-и шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода хабар дод.

Тибқи иттилои номбурда, дар майдони марказии пойтахт ҳамчунин дарахтони пургул, гулҳои рангоранг ва дигар ороишоти наврӯзӣ насб гардидаанд. Бори аввал аст, ки бузургтарин табақи суманак- рамзи баҳору Наврӯз бо баландии 30 метр дар маркази пойтахти Тоҷикистон гузошта мешавад.

«Ҳоло аз ҷониби кормандони мо ороишдиҳии майдон бахшида ба иди Наврӯз идома дорад. Дар даромадгоҳи Боғи ба номи «Устод Рӯдакӣ» навиштаҷоти «НАВРӮЗ-2020» насб гардида, ҳамчунин ба он ва дигар мавзеъҳои мувофиқ чароғҳои светоидӣ васл мегарданд, то шомгоҳони ин ҷоро мунаввару зебо гардонанд»,- афзуд Н.Исмоилзода.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт қабат иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва парандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад — омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои таҷлили Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ насб намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 1 март то 20 апрел бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Рахш такси» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020» дар пойтахт намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мегардад.

Ҳамаи ҳунармандон бо хонаҳои чӯбин, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буда, дорои ороишоти баҳорӣ, стандарти аврупоӣ, барқ ва об мебошанд, таъмин мегарданд. Инчунин ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 23:00-и шаб идома меёбад.

Тавре аз Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мақсад аз баргузор намудани ярмаркаи мазкур дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо асарҳои ҳунармандон, рассомон ва кулолгарони дохиливу хориҷӣ мебошад. Ҳамасола иди Наврӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бо муҳаббати беандоза таҷлил мегардад.

Ташаббускорони намоишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ярмаркаи баҳорӣ баргузор намоянд, то дар он сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷиён ҷамъ омада, аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик бархӯрдор гарданд.

АМИТ «Ховар»
Вернуться назад