Главная > Навидҳо > Вазорати тандурустӣ: то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Вазорати тандурустӣ: то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст


5-03-2020, 11:11.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус нашр мешаванд, ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Бинобар ин, роҳандозии чораҳои пешгирикунанда аз сирояти ин беморӣ набояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо, ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти воқеиро расонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд. Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин дар ҷойҳои серодам камтар гашту гузор намуда ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон як муддат аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобусӣ намудан худдорӣ намоянд.

Айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар- Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.
Вернуться назад