Главная > Навидҳо > Ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад

Ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар Тоҷикистон дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад


28-02-2020, 13:42.

14 март дар тамоми Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад. Макони баргузории мусобиқаҳои мазкур дар шаҳри Душанбе аз гардиши Товус то «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ва вақти баргузории онҳо аз соати 8:00 то 10:00 муқаррар шудааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ роҳандозӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, соли сеюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ баргузор мегарданд.
Вернуться назад